ПАЁМИ ДДД

ДАР БОРАИ МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ

“ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА”

Муассиси маҷаллаи илмӣ - Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” буда, маҷалла соли 2015 таъсис ёфтааст ва дар як сол 4 шумора ба нашр мерасонад.
“Паёми Донишгоҳи давлатии Данғара” маҷаллаи илмӣ буда, дар он натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии рисолаҳои илмии докторантон, аспирантон ва унвонҷӯён, ки барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ пешниҳод шудаанд, нашр мешаванд.
Дар маҷаллаи мазкур мақолаҳои илмии ҳайати омӯзгорону профессорон, аспирантону унвонҷӯён ва докторантони Донишгоҳи давлатии Данғара ва берун аз он нашр мегарданд.
Маҷалла дорои рақами байналхалқии силсиланашрияи ISSN 2410-4221 мебошад.
Маҷалла дар шохиси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) таҳти рақами №221-07/2021 ворид карда шуда, оид ба шумораҳои нашргардидаи он маълумот пешниҳод мегардад.
Маҷаллаи “Паёми Донишгоҳи давлатии Данғара”дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №215/МҶ-97, аз 20 августи соли 2021 ба қайд гирифта шуда, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегардад.
Дар ҳайати таҳририяи маҷалла 10 нафар докторони илм ва 8 нафар номзадони илм шомиланд.
Матни пурраи маводи чопшуда мунтазам дар сомонаи расмии маҷалла (www.vestnik.dsu.tj) ҷойгир карда мешавад.
Бахшҳои асосии маҷалла, муҳтаво ва мундариҷаи мақолаҳо бо Феҳристи ихтисосҳои илмие, ки дар заминаи онҳо унвонҷӯён дараҷаҳои илмиро дарёфт менамоянд, мувофиқат мекунад.
Дар маҷалла мақолаҳои илмии соҳаҳои илмҳои зерин нашр карда мешаванд:

02.00.00 – Химия,

01.04.00 – Физика,

01.01.00 – Математика.

 

ИТТИЛООТ БАРОИ ТАМОС

735320, ҶумҳурииТоҷикистон, вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 25. Муассисаи давлатии таълимии  “Донишгоҳи давлатии Данғара” (ДДД).
Идораи маҷаллаи  “Паёми Донишгоҳи давлатии Данғара”.
Масъули маҷалла–Департаменти илм ва татбиқот.