Дастгирӣ
+992 833122-28-06
Талабот нисбат ба мақолаҳои илмие, ки ба маҷаллаи илмии
“Паёми Донишгохи двлатии Данғара” пешниҳод мешаванд
Мақолаҳои илмие, ки ба редаксияи маҷалла пешниҳод мешаванд, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
Ҳама маводҳое, ки ба ҳайати таҳририяи маҷалла пешниҳод мешаванд, аз барномаи зидди сирқат дар вебсайти Antiplagiat тафтиш мешаванд ва пас аз он ҳайати таҳририя муаллифонро (ҳаммуаллифонро) аз натиҷаи баҳодиҳии дастнавис огоҳ мекунад. Сониян, ҳайати таҳририя дар бораи қабули мавод ва коркарди минбаъда ва ё аз рад шудани он муаллифонро (ҳаммуаллифонро) хабар медиҳад,
ТАЛАБОТ ОИД БА ТАРҲРЕЗИИ МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ:
Мақола бояд дар формати Microsoft Word, шрифти Times New Roman, андозаи 14, ҳошия аз ҳар тараф 2,5 см, фосилаи байни
сатрҳо 1,5 мм таҳия карда шавад.
Ҳаҷми мақола (бо дар баргирии чакида ва феҳрасти манобеи истифодашудаи он) бояд аз 6 то 15 саҳифа дар формати А4 фаро гирад.
Сохтори мақола:
МЕЪЁРҲОИ ПЕШНИҲОДИ МАҚОЛА
Мақола натиҷаи тадқиқотҳои илмии муаллиф(он) буда, ҳангоми пешниҳод намудани он бояд дар ягон маҷаллаи дигар қаблан нашр нашуда бошад.
Дар мақола муаллиф набояд аз ҳад зиёд аз асарҳои худ иқтибос орад.
Муаллифон танҳо муҳаққиқоне шуда метавонанд, ки дар иҷрои корҳои илмӣ таҳқиқотии мазкур саҳмгузор буда, њангоми пешнињоди мақола ба маҷалла ба нашр бо тартиби зикри номашон мувофиќ бошанд.
Манобеъе, ки ба сифати рӯйхати адабиёти истифодашуда оварда мешавад, бояд воқеан дар рафти таҳқиқот истифода шуда бошанд. Дар матн аз ҳамаи манбаъҳои истифодашуда иқтибос овардан зарур аст.
Маълумот ва далелу санадҳое, ки муаллиф(он) зимни таҳқиқ истифода намудаст(анд) бояд аз идораҳои расмӣ ва сарчашмаҳои боэътимод дастрас шуда бошанд ва дар матни мақола ба онҳо иқтибос оварда шавад. Мақола бояд тибқи талаботи маҷалла пешниҳод гардад.
ҚОИДАҲОИ ТАҚРИЗ
Мақолаҳои илмие, ки ба унвони маҷалла ворид мегарданд, барои тақриз ба мутахассисони соҳа фиристода мешаванд. Муқарриз аз муаллиф ба таври махфӣ интихоб карда мешавад.
Мақсади тақриз баённамудани фикри коршинос (муқарриз)-он дар бораи навгонӣ, аҳамият ва асолати натиҷаҳои илмиву таҳқиқотии мақолаи пешниҳодгардида мебошад.
Мақолае, ки барои чоп қабул гардида, вале эҳтиёҷ ба коркард дорад, ба муаллиф(он) бо эродҳои муқарриз баргардонида мешавад. Пас аз ислоҳи охирин дастхат ва нусхаи электронии мақола бо нусхаи аввалаи дастхат ба редаксия супорида мешавад.
Танҳо баъд аз гирифтани тақризи мусбат аз ҷониби муқарриз ва ё ҳайати таҳририя мақола барои чоп қабул мегардад.
Дастхатҳои мақолаҳо ҳамчун санади махфӣ баррасӣ гардида, ба паҳнсозӣ ва нашри маводи тақризшаванда аз ҷониби муқарриз роҳ дода намешавад.
ЭТИКАИ НАШР
Ҳайати таҳририяи “Паёми Донишгоҳи давлатии Данғара” арзиши илмӣ ва аҳаммияти амалии тадқиқоти анҷомдодаи муаллифонро дарк намуда, воситаи иртиботи илмӣ ва майдони рушди соҳаҳои мувофиқи илм будани маҷалларо дар қаламрави кишвар эътироф менамоянд.
Ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии “Паёми Донишгоҳи давлатии Данғара” ба қоидаҳои этикии нашрияҳои илмии эътирофшуда асос ёфта, бо назардошти меъёрҳои этикии фаъолияти муҳаррирон ва ноширон, ки дар Кодекси рафтор ва принсипҳои фаъолияти муҳаррирони маҷаллаҳо (Code of Conduct and Best Practice Guidelines for Journal Editors) ва Кодекси рафтори ношири маҷалла (Code of Conduct for Journal Publishers)-и таҳиянамудаи Кумитаи этикаи интишор (Committee on Publication Ethics (COPE)) таҷассумёфтаанд, фаъолияташонро ба роҳ мондаанд.
Масъулини нашри маҷаллаҳои илмии “Паёми Донишгоҳи давлатии Данғара” дар фаъолияти худ талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи табъу нашр», «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба асос мегиранд.